Пайвандҳои дастрасӣ

Зардорӣ барои як сафари серӯза вориди Маскав шуд


Осифалӣ Зардорӣ

Осифалӣ Зардорӣ

Раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ имрӯз бо як сафари серӯза вориди Маскав шуд. Зимни ин сафар мулоқоти Зардорӣ бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев дар Кремл ва имзои санадҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳоти кишоварзиву ҳавопаймоӣ ва энержӣ дар назар дошта шудааст.
Маскав ба маҳзи равобити хуби суннатиаш бо рақиби Покистон дар минтақа –Ҳинд- бо худи Исломобод то ҳол равобити чандоне надошт. Далели дигари сардӣ ҳимояти Покистон аз муҷоҳидине буд, ки дар солҳои 80 дар Афғонистон алайҳи нирӯҳои Шӯравӣ меҷангиданд. Вале соли гузашта дар Сочӣ Русия бо Покистону Афғонистон ва Тоҷикистон ҷиҳати тақвияи ҳамкориҳои иқтисодӣ ба хотири таҳкими субот дар ин минтақаи ҳассос тааҳҳуд супурд.
XS
SM
MD
LG