Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи Канн имрӯз ифтитоҳ хоҳад шуд


"Нахли тилоӣ"- ҷоизаи аввали ҷашнвораи Канн
"Нахли тилоӣ"- ҷоизаи аввали ҷашнвораи Канн
Имрӯз ҷашнвораи 64-уми Канн дар ҷануби Фаронса оғоз ба кор мекунад. Ин ҷашнвораи солона, ки бузургтарин сабқати ҷаҳонии синамо шинохта мешавад, ин бор бо филми коргардони амрикоӣ Вудӣ Аллен бо номи «Нимашаби Порис» боз хоҳад шуд. Яке аз нақшҳои хурдро дар ин филм Карла Брунӣ, ҳамсари президенти Фаронса Никола Саркозӣ бозӣ кардааст.Тайи 11 рӯз барои касби «Нахли тиллоӣ» - шоҳҷоизаи ҷашнвораи Канн - дар маҷмӯъ 22 филм вориди сабқат хоҳанд шуд. Исми барандагони ҷоизаҳои имсолаи Каннро рӯзи 22 май эълон хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG