Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз боз ду рақиби Аляксандр Лукашенка дар интихоботи моҳи декабри раёсатҷумҳурии Беларус ба додгоҳ эҳзор шуданд. Микалай Статкевич ва Дзмитрий Вус ба ташкили беназмиҳо дар пайи эълони пирӯзии Лукашенка дар интихоботи 19 декабр айбдор мешаванд ва додгоҳ метавонад онҳоро то 15 сол ҳукми зиндон диҳад. Имрӯз боз чанд тани дигар аз фаъолони мухолифин ба додгоҳи Минск эҳзор шуданд. Яке аз онҳо хабарнигор Ирина Халип, ҳамсари рақиби дигари Лукашенка – Андрей Санникав аст. Мурофиаи худи Санникав ҳафтае пеш оғоз ёфт. Мақомоти Беларус дар пайи ошӯбҳои пасоинтихоботии 19 декабр беш аз 600 нафарро боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG