Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА дар Бенғозӣ дафтар мекушояд


Кетрин Эштон
Кетрин Эштон
ИА гуфт, қасд дорад барои кумак ба чирикиҳои Либия дар Бенғозӣ, маркази чирикиҳо дар шарқи Либия, дафтар боз кунад. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон имрӯз дар парлумони Аврупо дар Страссбург гуфт: “Ман қасд дорам дар Бенғозӣ дафтар кушоям, то ки мо аз ин мардуме, ки баҳсашро дорем, аз ҷомиаи шаҳрвандӣ ва аз Шӯрои миллии гузор ҳимоят кунем.”
Бо ин ҳол, шоҳидон мегӯянд, шарқи пойтахти Либия – Троблус- тайи қариб як соат аз таркишҳо таккон мехӯрд. Мақомот мегӯянд, 4 кӯдак ҷароҳат бардоштаанд.
Ва аммо чирикиҳои Либия мегӯянд, дар шаҳри бандарии Мисрота нирӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофиро ақиб андохта, онҳоро дар фурудгоҳи ин танҳо шаҳри минтақаи таҳти назорати чирикиҳо дар ғарби Либия муҳосира гирифтаанд. Чирикиҳо аз касби назорат бар шаҳри Зарик, дар тақрибан 25-километрии Мисрота низ хабар додаанд.
XS
SM
MD
LG