Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Додгоҳи Литва дар ҷараёни мурофиае, ки чанд сол боз мояи сард шудани равобити Вилнюс бо Маскав шудааст, як афсари замони шӯравиро бо ҷурми силсилаи қатлҳо дар соли 1991 ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Додгоҳи Вилнюс Константин Михайловро дар қатли 7 марзбону афсарони пулису гумрук муҷрим шинохт ва ба шадидтарин ҷазо маҳкум кард.
Нирӯҳои ОМОН, ки Михайлов ҳам ҷузъи он буд, рӯзи 31 июли соли 1991 ба гузаргоҳи Медининкай дар марзи Литва ва Беларус ҳамла оварда, ходимони онро куштанд. Ин ҳамла хунинтарин мавриди талошҳои Маскав барои манъи ҷудоии Литва аз Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад. Се муттаҳами дигар дар ин парванда дар Русия паноҳ ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG