Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чирикиҳо дар Мисрота пешрафт кардаанд


Чирикиҳои Либия мегӯянд, дар шаҳри бандарии Мисрота нирӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофиро ақиб андохта, онҳоро дар фурудгоҳи ин танҳо шаҳри минтақаи таҳти назорати чирикиҳо дар ғарби Либия муҳосира гирифтаанд. Ройтерс аз қавли чирикиҳо мегӯяд, ки мухолифини Қаззофӣ шаҳри Зарик, дар тақрибан 25-километрии Мисротаро низ ба даст овардаанд.
Дар ҳамин ҳол, давлати Қаззофӣ гуфт, бар асари ҳамлаҳои шаби гузаштаи НАТО дар Троблус, пойтахти Либия, 4 кӯдак ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти Либия ҳамчунин хабар доданд, ки дирӯз 120 чирикии асирро раҳо кардаанд.
XS
SM
MD
LG