Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки Ҷаҳонӣ аз ҷомеаи мадании кишварҳои Осиёи Миёна хост, натиҷаҳои санҷиши тарҳи Роғунро баррасӣ кунанд.

Ба ин нишаст, ки рӯзи 19-уми май дар намояндагии минтақаии Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон доир мегардад, намояндагони ҷомеаи мадании кишварҳои ҳавзаи ин нерӯгоҳ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Афғонистон) даъват шудаанд.

Бо назардошти ҳассосияте, ки тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар кишварҳои минтақа ба вуҷуд овардааст, Бонки Ҷаҳонӣ тасмим дорад то кӯмакҳои худро аз ҷумла дар бахшҳои фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии ин тарҳ ироа намояд. Ба ин манзур Бонки ҷаҳонӣ ду гурӯҳи мустақили мутахассисонро ба ин кор сафарбар намудааст.

Интизор меравад, дар нахустин нишасти намояндагони ҷомеаи мадании кишварҳои ҳавзаи Омӯ, нахустин маълумоти таҳиянамудаи ин гурӯҳҳо баррасӣ шавад. Намояндагони ин гурӯҳҳо пажӯҳишҳои худро тақдими ҳозирон намуда, пешниҳодҳои ироашударо мавриди таҳлилу пажӯҳиш қарор медиҳанд.

Бонки Ҷаҳонӣ, ки пули арзёбии муҳитизистӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи Роғунро мепардозад, бо тамоми кишварҳои минтақа пеш аз шурӯъи арзёбии мазкур ва ҳам арзёбии фаннӣ ва иқтисодии нерӯгоҳи Роғун бо машварат анҷом додааст, то дидгоҳҳои онҳоро ҳам ба инобат бигирад. Бонки мазкур хулосаҳои машваратҳоро дар як санади бештар аз 60 саҳифагӣ нашр кардааст, ки дар матбуоти Тоҷикистон ва минтақа аслан надидаем. Ҳоло як ба як мебинем, ки Туркманистону Қазоқистон, Ӯзбакистону Қирғизистон ва Афғонистон доир ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун чӣ андеша доранд, тарафдоранд ва ё мухолиф, мулоҳизаташон ҳам чист?

УЗБАКИСТОН, МУХОЛИФИ САРСАХТИ РОҒУН


Мақомоти Узбакистон дар машварат бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ гуфтаанд, тарҳи нерӯгоҳи Роғун бар хилофи муқаррароти байналмилалӣ таҳия шудааст. Барои бунёди Роғун маҳалли ба истилоҳ ларзонаке интихоб кардаанд, ки хатари заминларзаҳоро меафзояд, намак дар таркиби обро зиёд мекунад. Муҳандисони тоҷик ба он андоза ботаҷриба нестанд, ки битавонанд, як чунин нерӯгоҳи бузургро мудирият кунанд ва дар сурати фалокат қодир ба рафъи зуди паёмадҳои он бошанд. Дар сурати коҳиши маҷрои об ба гуфтаи коршиносони ӯзбак, солона Узбакистон бар асари табоҳшавии заминҳои кишт бештар аз 4 миллиард доллар ва бар асари маҳви олами набототу ҳайвонот 146 миллион доллар зиён мебинад. Ва дигар ин, ки коршиносони Узбакистон, ки тақрибан 20 сол аз ҳаққи дидани Роғун маҳрум будаанд, бисёр мехоҳанд, ба чашми худашон нерӯгоҳро бубинанд.

ТУРКМАНИСТОН, ТАРАФДОР, ВАЛЕ БО МУЛОҲИЗОТИ ХУД

Аммо Туркманистон, ки дар масъалаи Роғун, ихтилофоти ошкоре нишон надодааст, дар машваратҳо бо Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, Тоҷикистон ҳақ дорад, ба хотири беҳбуди зиндагии мардум аз захираҳои обиаш истифода кунад. Вале бояд ҳукумати Тоҷикистон тазмин бидиҳад, ки дар сурати бунёди садди Роғун, маҷрои об ба он кишвар кам намешавад. Аҳдномаи соли 1992 дар мавриди баҳрабардорӣ аз захираҳои об дар Осиёи Марказӣ риоят мешавад ва ба вазъи муҳити зист дар кишварҳои поёноб зиён намебинад. Туркманистон ҳамчунин нигарон будааст, ки нерӯгоҳи Роғун, ки аслан барои танзими об дар Осиёи Марказӣ пешбинӣ шуда буд, барои тавлиди нерӯи барқ истифода хоҳад шуд.

ҚАЗОҚИСТОН ТАРАФДОР

Дар Қазоқистон зоҳиран нигаронӣ камтар аст, дар машваратҳо бо Бонки Ҷаҳонӣ сӯҳбати зиёде нашудааст. Ба эътиқоди давлати Қазоқистон беҳтар аз аст, ки дар тарҳҳои Роғун ва нерӯгоҳи Қамбаротаи Қирғизистон ҳамкорӣ кунанд, то ҳамоҳангсозии беҳтар ба даст ояд. Қазоқистон ҳамчунин мойил будааст, то бо шабакаҳои гуногуни интиқоли нерӯи барқ бо Қирғизистон ва Тоҷикистон васл шавад.

ҚИРҒИЗИСТОН БО ДУ ДАСТ СӮИ БОЛО ТАРАФДОР

Давлати Қирғизистон тарафдори бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун аст, ки ба гуфтаи онҳо дар танзими маҷрои об дар минтақа ва шабакаи ягонаи нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ кӯмак хоҳад кард. Ба эътиқоди давлати Қирғизистон, бояд Узбакистону Туркманистон низ ба тарҳи бунёди Роғун ҷалб шаванд, зеро он ба манфиати тамоми тарафҳо хоҳад буд. Коршиносони қирғиз ҳамзамон тавсия додаанд, то тарҳҳои бунёди хатҳои баландшиддати Датка-Роғун, Датка-Кемин сохта шаванд, ки нерӯи барқи Тоҷикистонро ба Қирғизистон интиқол хоҳанд дод ва ҳам роҳе барои интиқоли нерӯи барқи Қазоқистону Қирғизистон ба Покистон хоҳанд шуд.

АФҒОНИСТОН ҲАМ БО ТОҶИКИСТОН АСТ


Дар машваратҳои Бонки Ҷаҳонӣ бо намояндагони давлати Афғонистон, аксарият дар маҷмӯъ аз тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳимоят кардаанд. Ҳамчунин онҳо ба зарурати бунёди нерӯгоҳҳои бузурги муштарак бо Тоҷикистон дар рӯдхонаи Панҷ дар оянда таъкид кардаанд.

"РОҒУН ХАТАРЕРО ДАР ПАЙ НАДОРАД"

Яков Бляшко, узви Иттиҳодияи байналмилалии гидроэнергетика аз Русия гуфтааст, ки тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар замони шӯравӣ тарҳрезӣ шудааст ва ин тарҳ боэътимод аст ва дар ҳолати зилзила хатареро дар пай надорад.

Бино ба мувофиқатномаи миёни давлати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ, пас аз анҷоми тарҳи фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ, ин бонк барои ҷалби сармояҳо барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун консорсиуми байналмилалӣ ташкил хоҳад кард ва ба ин тарҳ ширкатҳои маъруфи энергиро ҷалб хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир дар ин нерӯгоҳ корҳои барқароркунӣ идома дорад ва давлат барои иҷрои он маблағи 850 миллион сомонӣ дар соли ҷорӣ ихтисос додааст.

Зимнан, иқтидори нерӯгоҳи Роғун 3 600 мегават буда баландии садди он 335 метрро ташкил хоҳад дод. Ба гуфтаи мутахассисон, тавони нерӯгоҳи Роғун се баробари тавони нерӯгоҳи атомии сохтаи Русия дар Бушаҳри Эрон аст ва дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ, Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG