Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки ҷаҳонӣ хабар дод, ки рӯзи 19 май дар Алма-Ато барои бори аввал ба баҳси натоиҷи арзёбии тарҳи сохтмони нирӯгоҳи Роғун шурӯъ мекунад. Интизор меравад, ин нишаст бо ширкати намояндагони ҳамаи 6 кишвари ҳавзаи Амӯдарё доир шавад. Қасди Тоҷикистон барои бунёди нирӯгоҳи Роғун ба мухолифати кишварҳои поёноб, ба хусус Узбакистон дучор шуд. Соли гузашта қарор шуд, ки қабл аз шурӯъи амалии сохтмон ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии тарҳи Роғун анҷом шавад, ки иҷрояшро Бонки ҷаҳонӣ бар ӯҳда гирифт.
XS
SM
MD
LG