Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати бозбинии ҳукми Искандаров аз тарафи Кумитаи СММ


Муҳаммадрӯзӣ Искандаров
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Мақомоти Тоҷикистон дар баробари тавсияи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар хусуси бознигарии парвандаи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, сукут ихтиёр кардаанд.

Дар ҳоле, ки гуфта мешавад, номаҳои Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта ба мақомоти Тоҷикистон фиристода шудаанд, Додгоҳи олии Тоҷикистон ва Шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи президенти Тоҷикистон дар мавриди тавсияҳои ин ниҳод изҳори бехабарӣ карданд ва гуфтанд, ки то ҳанӯз ҳамчунин санадеро дарёфт накардаанд.

ҲУКУМАТ ИЗҲОРИ БЕХАБАРӢ МЕКУНАД

Мушовири ҳуқуқии президенти Тоҷикистон Ҷумъхахон Давлатов гуфт, ки то ҳол ба таври расмӣ ҳамчунин санадеро дарёфт накардааст ва аз ин масъала дар саҳифаҳои матубот огоҳӣ дорад.

Аммо Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал аз ирсоли санадҳои худ ҳамчунин наздикони Маҳмадрӯзӣ Искандаровро низ дар ҷараён гузоштааст ва хабари мазкур аз ҳамин манобеъ ба матбуот расид.

Фирӯз Искандаров, фарзанди Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба радиои Озодӣ гуфт, ки Кумитаи ҳуқуқи СММ дар тавсияномаи худ ба ду масъала марбут ба парвандаи падараш ишора кардааст: «Ин тавсияномаи Кумитаи СММ пас аз дарёфт ва баррасии номаи Темур Тошев, бародари Маҳмадрӯзӣ ба ҳукумати Тоҷикистон ирсол дошта шудааст. Кумитаи ҳуқуқи СММ бо эҳтиром гузоштан ба қонунгузориҳои Тоҷикистон дар мавриди парвандаи Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба ду нукта такя карда тавсия додааст, ки Искандаров аз маҳбас озод карда шавад. Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ба паҳлӯҳои парванда ошно шуда хулоса кардааст, ки Маҳмадрӯзӣ як маҳбуси сиёсӣ аст ва раҳо карда шавад. Дуввум, тавсия дода шудааст, ки дубора парвандаи Искандаров баррасӣ карда шавад ва Кумитаи СММ назорати ҷараёни баррасиро дошта бошад.»



Илова ба ин, Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар моҳи сентябри соли гузашта истирдоди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Русия ба Тоҷикистонро ғайриқонунӣ дониста, Маскавро 33 ҳазор евро ҷарима баста буд. Ин додгоҳ низ ба баррасии дубораи парвандаи Искандаров даъват карда буд.

Ин бори аввал нест, ки созмонҳои байнулмилалӣ таваҷӯҳи мақомоти давлатии Тоҷикистонро ба парвандаи Маҳмадрӯзӣ Искандаров ҷалб мекунанд.

"ИМКОНИ БОЗБИНИИ ПАРВАНД ВУҶУД ДОРАД"

Аммо мақомоти Тоҷикистон, зоҳиран майле барои бозбинии парванда ё посух додан ба созмонҳои ҷаҳониро надоранд. Ин дар ҳолест, ки Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтааст, ҳукми Искандаров
Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон
бар пояи қонунгузории миллии Тоҷикистон содир шудааст, аммо дар ҳолати пайдо шудани далелҳои нав, парванда аввал дар Додситонии кул бозбинӣ мешавад ва сипас дар шакли нав ба додгоҳ интиқол меёбад: «Имрӯз ба Додгоҳи олии Тоҷикистон пешниҳоди Додситонии кулл ворид нашудааст, аз ин рӯ парвандаи мазкур ҳоло дар баррасии додгоҳ нест.»

Ҷаноби Абдуллоев ҳамчунин гуфтааст, ки қарори Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар бораи истирдоди ғайриқонунии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси зиндонии Ҳизби демократ аз Маскав ба Душанбе далеле барои бозбинии парвандаи ӯ буда наметавонад.

Дар тавсияи ахири худ, Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал ба нақзи қонун ҳангоми муҳокимаи Искандаров дар додгоҳ таъкид кардааст. Аз ҷумла ба он ишора шудааст, ки шоҳидон дар муҳокима нукоти айбномаро тасдиқ накардаанд. Инчунин як муддати муайян ҷаноби Искандаров аз ҳимояи вакили ҳуқуқӣ маҳрум будааст.

"КУМИТА БОЯД АЗ РУСИЯ ДАРХОСТИ РАСИДАГӢ КУНАД"

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, ки дар гузашта ҳамин Кумита дар мавриди маҳбусони дигар, ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карда буд, вале посухе дарёфт накардааст.

Ойниҳол Бобоназарова меафзояд, беҳтар аст ин кумита Русияро водор кунад, ки ба масъалаи Искандаров расидагӣ кунад, зеро Маҳмадрӯзӣ дар Маскав боздошт шуд ва ба Душанбе истирдод шудааст: «Азбаски Искандаров аз Русия ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон оварда шудааст, бояд созмонҳои
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик
байналмиллӣ Русияро таҳти фишор қарор диҳанд, то ин ки Маҳмадрӯзиро ба Русия баранд ва аз нав ба масъалаи вай расидагӣ шавад. Додгоҳи аврупоӣ дар масъалаи Искандаров 33 ҳазор евро ҷарима эълон карда буд, ҳарчанд Маскав худдорӣ мекунад.»


КУМИТАИ ҲУҚУҚИ БАШАР ТАЪСИРГУЗОР АСТ

Ва аммо ба назари ҳуқушиноси дигари тоҷик Абдуқаюм Юсуфов, Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ як мақоми додгоҳӣ набуда, қарорҳои он барои кишварҳо ҳатмӣ намебошад. Вай меафзояд, аз ин рӯ ҳукуматҳое, ки тавсияҳои онро дарёфт мекунанд, дар иҷрои қарорҳо чандон аҳамият намедиҳанд. Вале ба қавли ин ҳуқуқшинос, ин ба он маъно нест, ки фаромӯш кардани тавсияҳои ин созмон таъсире нахоҳад дошт: «Кумитаи ҳуқуқ ба кишварҳое, ки ба тавсияҳои он саҳлангорӣ мекунанд дар доираи арзишҳои байналмиллӣ бо роҳҳои ғайримустақим таъсир мекунад. Дар нишастҳои байналмиллӣ ва конфронсҳо гузориш медиҳад, ки фалон кишвар тааҳудоти байналмилалии худро иҷро намекунад ва хусусан дар соҳаи сармоягузории кишварҳои кӯмаккунанда ба Тоҷикистон ва риояи ҳуқуқи башар дар ин кишвар асари манфӣ хоҳад гузошт.»

Бо дархости мақомоти Тоҷикистон, идораҳои амниятии Русия Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси вақти Ҳизби демократи Тоҷикистонро дар моҳи декабри соли 2004 боздошт ва моҳи апрели соли 2005 раҳо карданд. Аммо баъд аз чанд рӯз ӯ дубора дар шароити мармуз ғайб зад ва мақомоти Тоҷикистон баъдан дар бораи боздошт шудани дар Душанбе хабар доданд. Искандаров ҳамон сол бо як силсила иттиҳом ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG