Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саноати низомии Русия қарордодҳояшро иҷро накардааст


Дмитрий Медведев

Дмитрий Медведев

Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия гуфт, саноати низомии кишвараш натавонистааст қарордодҳои аслии аслиҳаи худро иҷро кунад. Вай ба ҳукумат ва мақомоти расмии саноати низомӣ ҳушдор дод, ки ба масъулият кашонда мешаванд. Медведев дар ҷараёни як мулоқот, ки аз тариқи телевизион намоиш дода мешуд, ба мақомоти расмӣ гуфт, ки “кор хеле кунд ва заиф пеш меравад” ва чунин равиш ғайриқобили қабул аст, вақте, ки дар сатҳи олӣ тасмим гирифта мешавад, пул ҳам меояд, вале маҳсулот тавлид намешавад. Русия дуввумин кишвари бузурги тавлидкунандаи аслиҳаи ҷаҳон мебошад. Аммо коршиносон мегӯянд, баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ саноати низомии Русия заифтар шудааст.
XS
SM
MD
LG