Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиёни Либия дар Мисрота пешравӣ кардаанд


Шӯришиёни Либия мегӯянд, онҳо нируҳои ҳукуматиро ба ақибнишинӣ аз шаҳри Мисрота водор кардаанд ва ҳоло онҳоро дар атрофи фурудгоҳи шаҳр ба муҳосира мегиранд. Бино ба хабари Ройтерз, шӯришиён ҳамчунин мегӯянд, ки онҳо шаҳраки Зорикро низ дар 25 километрии Мисрота ба тасарруфи худ даровардаанд. Ҳамзамон ҳукумати Муаммар Қаззофӣ хабар додааст, ки дар ҳамлаи шабонаи НАТО ба Троблус 4 кӯдак аз шишапораҳо ҷароҳат бардоштаанд. Ҷароҳати ду нафари онҳо ҷиддӣ будааст. Мақомоти Либия гуфтаанд, ки онҳо 120 шӯриширо рӯзи сешанбе раҳо кардаанд.
XS
SM
MD
LG