Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷамъияти дӯстии Покистону Тоҷикистон ташкил шуд


Бино ба хабарҳои матбуотӣ, дар Покисон ҷамъияти дӯстии Покистону Тоҷикистон ташкил шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ин ҷамъият созмони иҷтимоист ва аз 26 нафар иборат аст. Дар он бахшҳои илм, фарҳанг ва варзишу сайёҳӣ фаъолият хоҳад кард. Бино ба хабари мунташира, ин ҷамъият барои тавсеаи ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Покистон дар ҳамаи арсаҳо кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG