Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як нафар ба эҳтимоли ҳамкорӣ бо ҲИУ боздошт шуд


Нируҳои интизомии Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара Мансур Собитов-шаҳрванди Тоҷикистонро ба эҳтимоли ҳамкорӣ бо Ҳаракати Исломии Узбакистон боздошт кардаанд. Мақомоти интизомӣ собит кардаанд, ки вай дар моҳҳои сентябру октябр чанд дафъа супориши Абдунаим Ҳасанови 29 соларо, ки эҳтимолан узви ин ҳаракат аст, иҷро кардааст. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки Собитов гурӯҳи Ҳасановро бо маводи ғизоиву соири маводи зарурии онҳо таъмин кардааст. Ин гурӯҳ аз ниҳодҳои интизомӣ паноҳ мебарад.
XS
SM
MD
LG