Пайвандҳои дастрасӣ

Реактори ниругоҳи ҳастаии Бушеҳри Эрон ба кор даромад


Ниругоҳи ҳастаии Бушеҳр

Ширкати “Атомстройэкспорт”-и Русия, ки ниругоҳи ҳастаии Бушеҳри Эронро сохтааст, мегӯяд, ки реактори якуми ин ниругоҳ ба фаъолият шуруъ кардааст. Ин ширкат дар эъломияе гуфтааст, ки ин реактор рӯзи якшанбе ба кор даромадааст. Дар эъломия омадааст, реактор ба ҳолати контроли ҳадди ақали ниру дароварда шудааст ва акнун системҳои он бояд зери ҳимоя гирифта шавад. Амрико ва баъзе кишварҳои ғарбӣ ба ин ақидаанд, ки ниругоҳи Бушеҳр бахше аз талошҳои Эрон барои дастёбӣ ба аслиҳаи ҳастаӣ мебошад. Вале Эрон ин иттиҳомотро қабул надорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG