Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси кумиссиюни интихоботии Туркманистон барканор шуд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон Оразмурод Ниёзалиевро раиси нави Кумиссиюни интихоботӣ ва райпурсии кишварраш муаррефӣ кард. То ҳол ин мақомро Мурод Гарриев бар ӯҳда дошт. Гарриев 79 сол дорад ва раиси ҷумҳур вайро муовини раиси Шӯрои кӯҳансолон таин кард. Ин шӯрои машваратӣ соле як ё ду бор ҷаласа баргузор мекунад. Баъд аз даргузашти Сафармурод Ниёзов Гарриев билофосила пешниҳод карда буд, ки Бердимуҳаммадов иҷрокунандаи мақоми раёсати ҷумҳурӣ баргузида шавад.
XS
SM
MD
LG