Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Сурия эътирозгаронро ба муҳосира гирифтанд


Шоҳидони айнӣ ва фаъолони Сурия мегӯянд, дирӯз нируҳои ин кишвар дар марказҳои аслии тазоҳуроти эътирозӣ ба саркӯбии эътирозгарон пардохтанд ва раҳбарони ҷунбишҳои зиддидавлатиро боздошт карданд. Нируҳо бо ҳимояти техникаи зиреҳдори низомӣ дар шаҳраки бандарии Бониёс эътирозгаронро муҳосира мекарданд. Дар ин шаҳрак рӯзи сешанбе тонкҳо бар зидди тазроҳуркунандагон вориди амал шуданд. Дирӯз нируҳои амниятӣ дар бандари Латакиё дар минтақаи Димишқ ва дар Идлиб дар шимоли ғарби пойтахт мухолифони режимро муҳосира карданд. Дирӯз ҳамчунин таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо бар зидди режими Башор Асад эътибор пайдо кард. Ба ин таҳримҳо 13 нафар дохил мешаванд.
XS
SM
MD
LG