Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаво дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон боронӣ хоҳад буд


Тибқи маълумоти ҳавошиносон, имрӯз дар Душанбе ҳавои боронӣ дар назар дошта шудааст . Ҳаво рӯзона то 25 дараҷа, шабона 18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд низ ҳаво боронӣ хоҳад буд. Шабона низ бориши борон давом мекунад. Ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад.

Дар водии Вахш бориш пешбинӣ нашудааст. Ҳаво рӯзона то 30 дараҷа гарм мешавад.

Вале дар минтақаи Кӯлоб наздикиҳои бегоҳ борон меборад. Ҳаво рӯзона то 28 дараҷа, шабона 20 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хоруғ то нисфирӯзӣ борон меборад. Сипас ҳаво офтобӣ хоҳад шуд. Ҳаво рӯзона 9 дараҷа гарм, шабона аз 0 то 4 дараҷа гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG