Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар Иди Ғалаба


Консули фахрии Тоҷикистон, Муҳаммадназар Мирзода бо гурӯҳе аз собиқадорони ҷанг.
Консули фахрии Тоҷикистон, Муҳаммадназар Мирзода бо гурӯҳе аз собиқадорони ҷанг.

Тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург дар баробари дигар миллатҳои Ҷумҳурии Русия 66-солагии Иди Ғалабаро ҷашн гирифтанд.

Рӯзи 8-уми май бо даъвати Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Ленинград Муҳаммадназар Мирзода, диаспораи тоҷикон бо як гурӯҳ фаъолону ҳамоҳангсозони ҷамъиятҳо бо гузоштани гулчанбарҳо ба пояи ҳайкали Модар дар қабристони Пискарёвский ёди шаҳидони ҷанги солҳои 1941-1945-ро посдорӣ намуданд.

Ҳамчунин рӯзи 9-май бо даъвати губернатори шаҳри Санкт-Петербург гурӯҳи намояндагони Тоҷикистон дар минбари фахрӣ паради ҳарбиро пешвоз гирифтанд. Шоми он рӯз дар хиёбони Невский вохӯрӣ бо қаҳрамонони ҷанг ва консерти идона баргузор гашт, ки дар он ҷавонон ва донишҷӯёни Точикистон низ ширкат доштанд.

Фурӯзон Мирзода
Рӯзи Ғалаба дар пояи ҳайкали Модар дар Санкт-Петербург
XS
SM
MD
LG