Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ниҳоди интихоботии Туркманистон нав шуд


Мурод Қориев
Мурод Қориев
Раисиҷумҳури Туркманистон Орзамурод Ниёзалиев, волии собиқи вилояти Балканро раиси нави куммиссиюни маркахии интихобот таъйин кард. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов қаблан раҳбари собиқи ин ниҳод Мурод Қориеви 79-соларо муовини раиси Шӯрои оқсақолони туркман таъйин карда буд. Ин ниҳоди машваратӣ соле як дафъа ташкили иҷлос мекунад. Мурод Қориев ҳанӯз дар аҳди Сафармурод Ниёзов раиси куммиссиюни интихобот шуда, дар пайи даргузашти Ниёзов, дар амри ба курсии раёсат расидани Бердимуҳаммадов нақши муҳим бозӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG