Пайвандҳои дастрасӣ

Нирӯгоҳи Бушер тадриҷан фаъол мешавад


Манзараи умумии нирӯгоҳи Бушаҳр

Манзараи умумии нирӯгоҳи Бушаҳр

«Атомстройэкспорт», ширкати русии масъули эҳдоси нахустин нирӯгоҳи ҳастаии Эрон бо нашри як баёния гуфт, нирӯгоҳи Бушер рӯзи якшанбе дар «як сатҳи ҳадди ақали қобили назорат» ба кор шурӯъ кард. Владислав Бочков, сухангӯи «Росатом»- муассиси «Атостройэкспорт» - гуфт, «ин иқдом яке аз мароҳили ниҳоӣ дар роҳи амалан ба кор андохтани реактор»-и нирӯгоҳи Бушаҳр аст. Эҳдоси ин нирӯгоҳ дар солҳои 70, ҳанӯз қабл аз инқилоби исломии соли 1979 оғоз ёфта, Русия аз миёнаи солҳои 90 бар асоси як қарордоди якмиллиарддолларӣ ба анҷом расондани эҳдоси онро бар ӯҳда гирифт. Амрико ва Ғарб тайи солиён аз Маскав тақозо мекарданд, аз ин тарҳ даст бикашад, то ба қасди Эрон барои сохтани силоҳҳои ҳастаӣ мусоидат накунад. Аммо Русия бо бастани қарордоде, ки Теҳронро ба бозгардони маводи сӯхти истифодашуда муваззаф мекунад, ин нигарониҳоро хеле коҳиш дод.
XS
SM
MD
LG