Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО "шикор"-и Қаззофиро радд мекунад


Паймони низомии НАТО қатли ҳокими Либия Муаммар Қаззофиро ба ҳадаф доштани ҳамлаҳояш ба Троблусро радд кард. Генерали итолиёӣ Клавдио Габеллинӣ гуфт, ҳадафи ҳамлаҳои ахир марокизи фармондеҳиву назоратие буд, ки режими Қаззофӣ барои раҳнамоии ҳамалот алайҳи мардуми мулкӣ истифода мебарад. Габеллинӣ гуфт, “НАТО афроди алоҳидаро ҳадаф намегирад.” Шоҳидон мегӯянд, НАТО шаби гузашта болои Троблус, пойтахти Либия чандин мушак андохт, ки зоҳиран идороти давлатӣ, аз ҷумла як қароргоҳи ҳокими Либия Қаззофиро ба ҳадаф дошт. Рӯзи 1 май дар пайи ҳамлаи НАТО як писар ва се набераи Қаззофӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG