Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду нишони биринҷии паҳлавонони тоҷик дар Қазоқистон


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии самбо барои гиромидошти хотираи Таимбек Камикбоев, Қаҳрамони Ҷанги дуввуми ҷаҳон, ки дар шаҳри Қизилурдаи Қазоқистон баргузор шуд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Маҳмуди Абдулло, сардовари ин мусобиқа, ба радиои “Озодӣ” гуфт, дар рақобатҳо беш аз 200 гуштигир аз Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат дошт.

Аз миёни 5 гуштигири тоҷик ду нафар – Мустафо Ҳасанов дар вазни то 68 кг ва Ҷумъахон Назриев дар вазни то 90 кг ҷойҳои севумро касб карда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
XS
SM
MD
LG