Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 ҷангӣ дар Вазиристони ҷанубӣ


Ҳавопаймои бесарнишини навъи "MQ-1 Predator"
Ҳавопаймои бесарнишини навъи "MQ-1 Predator"

Ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини зоҳиран амрикоӣ мунҷар ба ҳалокати дастикам 4 ҷангӣ, бо шумули 3 араб, дар як минтақаи қабиланишини бо Афғонистон ҳаммарзи Покистон шудааст. Мақомоти иктишофии Покистон мегӯянд, мушак ба як мошин дар минтақаи Бағори Вазиристони ҷанубӣ асобат кардааст. Ин дуввумин ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Покистон баъд аз амалиёти як ҳафта пеши қатли Бен Лоден дар Аббатобод аст.

XS
SM
MD
LG