Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолномаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода


Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода 16-уми феврали соли 1954 дар деҳаи Ваҳдатободи ноҳияи Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи рӯҳонии машҳур Эшони Тураҷон (раҳимаҳуллоҳ) ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар ноҳияи Ваҳдат хатм намуда, ҳамзамон бо таҳсили мактаб, дар назди падар ва бобои модарии худ маълумоти ибтидоии диниро фаро гирифтааст.

Соли 1972-1977 дар мадрасаи исломии Мири Араби шаҳри Бухоро ва солҳои 1977-1980 дар Донишгоҳи исломии ба номи Имом Бухории шаҳри Тошканд таҳсил намуда, баъди хатми донишгоҳи мазкур дар солҳои 1980-1982 дар бахши робитаҳои хориҷии Идораи динии мусулмонони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон (САДУМ) фаъолият доштааст.

Дар соли 1982 ба факултаи шариати Донишгоҳи давлатии Урдун дохил шуда, онро соли 1987 ба итмом расонидааст. Солҳои 1987-1988 ба тадриси илмҳои фиқҳ ва ҳадис дар Донишгоҳи исломии Тошканд ба номи Имом Бухорӣ машғул будааст.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар солҳои 1988-1993 масъуляти Идораи Қозиёти мусулмонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш доштааст. Ҳамзамон бо ин, феврали соли 1990 ба ҳайси намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олии ҶТ ва баъдан узви Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз ибтидои соли 1993 то оғози соли 1998 дар хориҷ аз кишвар ба сар бурда, мақоми ноиби аввали роҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷикро (ИНОТ) ба дўш доштааст. Ҳамзамон бо ин, дар тамоми тӯли музокироти сулҳи тоҷикон, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода раҳбарии ҳайати музокиракунандаи ИНОТ-ро ба ӯҳда доштааст.

Баъди имзои созишномаҳои сулҳ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ба мақоми муовини аввали Сарвазири ҶТ таъйин гашта, дар солҳои 1998 то 2005 дар ин симат фаъолият доштааст. Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода солҳои 2005-2010 узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.
XS
SM
MD
LG