Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи СММ қазияи Искандаровро баррасӣ кардааст


Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, кумитаи ҳуқуқи инсони СММ поймол шудани ҳуқуқи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси зиндонии ҳизби демократи Тоҷикистон ба ҳангоми боздошти ӯ дар Русия дар соли 2005 ва истирдоди мармузаш ба Душанберо таъйид кардааст. Нигина Баҳриева, раҳбари Бунёди ҷамъиятии «Нотабене» ба «Азия Плюс» гуфтааст, ки ин кумита ба дархостҳои мукаррари худ дар робита ба қазияи Искандаров аз мақомоти Тоҷикистон посухе дарёфт накарда, аз ин рӯ дар баррасиаш ба нукоти омада дар шикояти Темур Тошев, бародари Искандаров такя кардааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2005 Искандаровро ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Аммо ба гуфтаи хонум Баҳриева, кумитаи ҳуқуқи башари СММ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия додааст, то ин мухолифи сиёсиашро бо васоили муассири дифоъ таъмин карда, ӯро ё раҳо кунад ваё парвандаашро аз нав баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG