Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба хабарҳо, ширкати “Microsoft” дар садади харидории шабакаи телефони интернетии “Skype” мебошад. “The Wall Street Journal” хабар дод, ки “Microsoft” барои соҳиб шудан ба “Skype” тақрибан 8,5 миллиард доллар пардохт хоҳад кард. Аммо ҳам “Microsoft” ва ҳам “Skype”, мақараш дар Люксембург, аз шарҳи ин хабар худдорӣ мекунанд. Корбарони “Skype” аз имконоти ин шабака ба хотири анҷоми гуфтугӯҳои телефониву видеоӣ тавассути Интернет истифода мекунанд. Аммо ин ширкат, ки шумори корбаронаш беш аз ним миллиард нафар шудааст, ягон бор ҳаҷми даромадашро нашр накардааст.

XS
SM
MD
LG