Пайвандҳои дастрасӣ

Швартсенеггер аз ҳамсараш ҷудо мешавад


Арнолд Швартсенеггер ва Мария Шрайвер

Волии собиқи аёлати Калифорнияи Амрико ва ситораи маъруфи Ҳолливуд Арнолд Швартсенеггер баъди 25 соли зиндагӣ аз ҳамсараш Мария Шрайвер ҷудо мешавад. Швартсенеггер, ки моҳи январ баъди 7 соли раҳбарӣ аз мақоми волии Калифорния канор рафт, феълан 63 сол дорад. Мария Шрайвери 55-сола хоҳарзодаи раисиҷумҳури кушташудаи Амрико Ҷон Кеннедист. Ӯ баъди ба мақоми волӣ расидани шавҳараш аз идомаи кори гӯяндагӣ дар телевизион даст кашида буд.
Швартсенеггер мегӯяд, феълан чанд пешниҳоди иҷрои нақш дар филмҳои ҷадид, аз ҷумла дар фарзияи нави филми «Терминатор»-ро баррасӣ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG