Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як вазири собиқи Миср ҳукми зиндон гирифт


Зуҳайр Гаррана
Зуҳайр Гаррана
Вазири пешини ҷаҳонгардии Миср бо ҷурми фасод ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Зуҳайр Гаррона ба фурӯши як қитъа замини давлатии чандмиллиондолларӣ ба қимати хеле арзонтар муттаҳам мешуд. Ӯ дуввумин узви кобинаи вазирони раҳбари собиқи Миср Ҳуснӣ Муборак аст, ки ҳукми зиндон мегирад. Додгоҳи Миср дар ҳафтаи гузашта вазири собиқи умури дохила Ҳабиб Адлиро бо ҷурми фасод ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Ба додгоҳ кашонидани мақомоти режими Муборак, бо шумули худи ӯ, аз талабҳои умдаи эътирозгарон буд. Парвандаи худи Муборак, ки дар моҳи феврал истеъфо дод, феълан дар марҳалаи таҳқиқ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG