Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи чирикиҳо ба пойгоҳи пулис дар Нуристон


Мақомоти афғон мегӯянд, садҳо чирикӣ имрӯз ба як пойгоҳи пулис дар вилояти Нуристон дар шимоли Афғонистон ҳамла кардаанд. Раҳбари пулиси Нуристон Азизраҳмон Зоҳид гуфт, дар ҳамлаи субҳи сешанбе алайҳи пойгоҳи воқеъ дар ҳошияи маркази вилоят – Порун – ҳудуди 400 нафар ширкат доштанд. Ӯ афзуд, ки даргириҳо дар ин минтақа ҳанӯз идома доранд. Муҳаммад Зарин, сухангӯи волии Нуристон идома доштани ҳамлаи густардаро таъйид кард, вале дар бораи шумори ҳамлагарон ҷузъиёт надод.
Дар вилояти дурдасти Нуристон шумори каме аз нирӯҳои афғону НАТО мустақар мебошанд.
Ҳамлаи имрӯз дар Нуристон ба дунболи 30 соати ҷанг бо даҳҳо чирикии толиб дар Қандаҳор аст, ки ба гуфтаи мақомот, 4 сарбоз ва кулли чирикиҳоро кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG