Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати СММ ба танаффус дар ҷангҳои Либия


Яке аз аҳдофи ҳамлаи ахири НАТО дар Троблус

Яке аз аҳдофи ҳамлаи ахири НАТО дар Троблус

Ҳамоҳангсози кумакҳои башарии СММ ба хотири расидагӣ ба бӯҳрони башарии Либия хостори танаффус дар набардҳои байни чирикиҳо ва нирӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофӣ шуд. Валерӣ Амос дар Шӯрои Амнияти СММ гуфт, Мисрота, танҳо шаҳри таҳти назорати чирикиҳо дар ғарби Либия, дар вазъи мудҳише қарор гирифта, ба камбуди обу ғизо рӯбарӯст:
«Гурӯҳҳои имдодӣ сахт нигарони мардумеанд, ки дар манотиқи ҷангзада ба сар мебаранд. Мисрота дар меҳвари нигарониҳои мо қарор дорад ва бархе қисматҳои он ду моҳ боз дар чанги ҷангу тирборон мондааст. Бозорҳо кор мекунанд, вале бархе аз камбуди обу ғизо ва маводди дигар азият мекашанд.»
Бо ин ҳол, шоҳидон мегӯянд, НАТО шаби гузашта болои Троблус, пойтахти Либия чандин мушак андохтааст. Ин ҳамлаҳо зоҳиран идороти давлатӣ, аз ҷумла як қароргоҳи Қаззофиро ба ҳадаф дошта, дар ҳоле рух доданд, ки дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен гуфт, фурсати Қаззофӣ сар омадааст. Рӯзи 1 май бар асари ҳамлаҳои НАТО ба як қароргоҳи Қаззофӣ дар Троблус як писар ва се набераи ӯ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG