Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи НАТО ба дастикам 4 минтақаи Троблус


Нуқтаи асобати яке аз бомбҳои НАТО дар Троблус

Нуқтаи асобати яке аз бомбҳои НАТО дар Троблус

Шаби гузашта силсилаи таркишҳо Троблус, пойтахти Либияро таккон дод. Инфиҷорҳо зоҳиран натиҷаи ҳамлаҳои мушакии НАТО буда, шоҳидони айнӣ мегӯянд, ин ҳамлаҳо идороти давлатӣ, аз ҷумла қароргоҳи ҳокими Либия Муаммар Қаззофиро ба ҳадаф доштаанд. Бино ба хабарҳо, ҳавопаймоҳои НАТО дастикам 4 минтақаро дар давру бари Троблус ҳадафи бомббори ба таври ғайримуқаррарӣ сангин қарор додаанд.
Ин ҳамлаҳо дар ҳоле рух дод, ки дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен гуфт, фурсати Қаззофӣ сар омадааст. Рӯзи 1 май бар асари ҳамлаҳои НАТО ба як қароргоҳи Қаззофӣ дар Троблус як писар ва се набераи ӯ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG