Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Иттиҳодияи Аврупо(ИА) имрӯз дар маҷаллаи расмиаш феҳрасти 13 мақоми Сурия, бо шумули як бародари раиси он ҷумҳурӣ Башшор Асадро нашр кард, ки ба далели даст доштан дар саркӯбии эътирозҳои зидди режими Асад таҳти таҳримоти ИА қарор мегиранд. Аммо ин рӯйхат исми худи Асадро дар бар намегирад. ИА Моҳир Асад, фармондеҳи як дивизияи артиши Сурияро «як созмондиҳандаи аслии хушунатҳо алайҳи тазоҳургарон" меномад. Ин феҳраст дар ҳоле нашр шуд, ки таҳримоти ИА алайҳи Сурия ба ҳукми иҷро медарояд. Ин 13 нафар аз ҳаққи сафар ба ИА маҳрум шуда, суратҳисобҳои онҳо дар ҳудуди ин созмон мунҷамид хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG