Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як кӯдаки 8-сола дар Нуробод


Як кӯдаки ҳаштсола дар ноҳияи Нуробод ҳалок шудааст. Шоҳрамазон Зайниддинов рӯзи 7 май ҳамроҳ бо бародараш барои чидани чукрӣ ба кӯҳ рафта, дар туман гум мешавад. Аҳли рустои Хумдон ҷасади ӯро рӯзе баъд пайдо мекунанд. Дӯстмурод Забиров, сухангӯи кумитаи ҳолоти фавқулоддаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз иллати марги ин тифл дақиқ нашудааст. Оқои Забиров гуфт, тайи як ҳафтаи охир бар асари селу обхезӣ ва офоти дигари табиӣ дар Тоҷикистон 4 нафар ҳалок шудаанд. Шаби 5 май бар асари сел ду нафар дар ноҳияи Фархор ва якеи дигар дар Панҷакент ҷон бохта буд.
XS
SM
MD
LG