Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи "Шашмақом" имрӯз оғоз ба кор мекунад


Фароғат Азизӣ
Фароғат Азизӣ

Имрӯз дар Душанбе ҷашнвораи чоррӯзаи байналмилалии «Шашмақом» оғоз ба кор мекунад. Фароғат Азизӣ, аз мубтакирони ин ҷашнвора ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳамоиш дар шакли фестивал-симпозиум доир шуда, ба 100-солагии ҳунарманди маъруфи тоҷик Фазлиддин Шаҳобов бахшида мешавад. Дар он, қарор аст, овозхонони ин навъи қадими мусиқии миллӣ аз Чину Афғонистон, Эрону Арманистон ва Тоҷикистон намои ҳунар кунанд.
Иди «Шашмақом» низ имсол дар чаҳорчӯби ҳамин ҷашнвораи байналмилалӣ доир хоҳад шуд. Аз соли 2000 ба ин сӯ 12 май дар Тоҷикистон Рӯзи «Шашмақом» эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG