Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти муовини вазири хориҷии Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон


Муҳаммад Шайбонӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон субҳи имрӯз, 10-уми май бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот ва гуфтугӯ анҷом додааст. Дар ин мулоқот дурнамоӣ ҳамкориҳои ду кишвари ҳамзабон дар бахшҳои иқтисод, нақлиёт ва соҳаи энержӣ баррасӣ шудаанд. Инчунин баррасии масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аз мавзӯъҳои дигари гуфтугӯи оқои Шайбонӣ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон будааст. Ҷумҳурии Исломии Эрон аз муҳимтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Аз ҷумла соли 2010 мизони доду гирифти колои ин ду кишвар бештар аз 201 миллион долларро ташкил дод.
XS
SM
MD
LG