Пайвандҳои дастрасӣ

Убайдуллоев: "Нархҳоро кам кунед."


Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе

Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе

Шаҳрдори Душанбе аз фурӯшандагони бозорҳои пойтахт даъват кардааст, то нархи орду гӯштро боло набаранд.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, гуфтааст, ки қимати як кило гӯшти гов набояд аз 23 сомонӣ ва як кило гӯшти гӯсфанд аз 24 сомонӣ боло бошад.
Масъули яке аз вазоратҳо, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад гуфт, бо ин вуҷуд, дар муқовимат бо хатари камғизоӣ кишвар ба далоили камбуди буҷа зарфиятҳои ночиз дорад ва низ ҳукумат интизор надошт, ки ҳамчунин вазъ пеш хоҳад омад...


Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки дар як ҳафтаи ахир ба далоили мухталиф нархи як кило гӯшти гов дар бозорҳои Душанбе то 27 сомонӣ расид.

Ҷаноби Убайдуллоев, ки дар як ҷаласаи корӣ сӯҳбат мекард, таъкид намудааст, ки "ба сифати гӯшти ба савдогузошташаванда эътибори ҷиддӣ дода, нагузоранд, ки ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар интихоб ва дастрасӣ ба гӯшти хушсифат поймол гардад."

Дар ин ҷаласаи шаҳрдорӣ, соҳибкори тоҷик Неъмат Назиров, ки орди навъи "Шамалған"-и Қазоқистонро ба Душанбе ворид мекунад, пешниҳод кардааст, то нархи 50 кило орди Қазоқистон ба қиммати 130 сомонӣ орди истеҳсоли ватанӣ то 120 сомонӣ ба фурӯш гузошта шавад.

Ба далели боло рафтани қимати бензин ва ҳам боло рафтари қурби доллар дар бозори асъори Тоҷикистон, нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои ин кишвар низ афзуданд.

Тоҷикистон кишвари умдатан воридкунандаи маводи ғизоӣ маҳсуб мешавад ва тибқи иттилои расмӣ, 60 дарсади маводи ғизоӣ, аз ҷумла, гандум - "зеби дастурхон"-и мардуми кишварро аз хориҷ ворид мекунад. Ҳамчунин нуриҳои зарур барои тавлиди маводи ғизо ва маводӣ сӯхтро 100 дарсад аз хориҷ меорад.

Мақомот мегӯянд, барои захираи гандум ва маводи сӯхт иловатан 60 миллион ва барои таҳияи захираҳо 260 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ҷудо шудааст ва ҳамчунин барои дастгирии қишрҳои осебпазир, оилаҳои камбизоат, маъюбон ва нафақахӯрон 260 миллион сомонии буҷа сарф мешавад.

Масъули яке аз вазоратҳо, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад гуфт, бо ин вуҷуд, дар муқовимат бо хатари камғизоӣ кишвар ба далоили камбуди буҷа зарфиятҳои ночиз дорад ва низ ҳукумат интизор надошт, ки ҳамчунин вазъ пеш хоҳад омад.

Федерик Шарпенгиер, аз намояндагии Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон мекӯшад, ки ба вазъ вокуниш нишон диҳад, аммо имкониятҳояш хеле маҳдуданд, зеро имкони пурра таъмин намудани мардум бо ғизо ва ҳам назорати нархҳо дар бозорҳоро надорад, бахусус тариқи истифодаи захира ва баргузории ярмаркаҳо. Вай афзуд, ин тадобирро намешавад тамоми сол роҳандозӣ кард ва роҳи ҳалли масъала ҳамоно ба даст овардани ҳосили хуб дар дохили кишвар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG