Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳоло Вашингтон дар ин фикр аст, ки бо мулло Умар, раҳбари Толибон ва муттаҳиди маъруфи раҳбари "Ал-Қоида" чӣ кор кунад.

Дар ҳоле, ки раҳбарони ғайринизомӣ дар андешаи кашонидани Толибон бар сари мизи музокира мебошанд, раҳбарони амниятиву низомӣ дар фикри оғози амалиёти низомӣ бар зидди Толибон ва раҳбарони он ҳастанд.

"ПОКИСТОН ҲАМКОРӢ НАМЕКУНАД"

Сенатори амрикоӣ Карл Левин
Сенатор Карл Левин, раиси Кумитаи хадамоти нерӯҳои мусаллаҳи Сенати Амрико дар ин бора мегӯяд: “Ҳукумати Покистон, афроди боломақом ҳамчунон мехоҳанд иддао кунад, ки онҳо намедонистанд, ки бин Лодин дар он ҷо буд. Онҳо иддао мекунанд... Душвор аст бовар бикунӣ, ки мақомоти баландпоя инро намедонистанд. Онҳо ин иддаоро идома медиҳанд. Аммо намехоҳанд бигӯянд, ки онҳо намедонанд, ки террористҳои Ҳаққонӣ дар куҷоанд, зеро онҳо инро медонанд ва ба мо гуфта буданд. Мо ба онҳо гуфта будем, ки мо ба афроди Ҳаққонӣ хоҳем расид, бо мурури вақт. Вале онҳо намехоҳанд. Ин аст масъалае, ки бояд рӯи он ба ҳукумати Покистон фишор оварда шавад”.

Сенатор Карл Левин меафзояд, вай шубҳа надорад, ки Покистон маҳали иқомати Мулло Умар ва раҳбарони дигари Толибони Афғонистонро низ медонад. Сенатор аз набуди тамоюли ҳамкории Покистон барои саркӯбии раҳбарони шӯришиён изҳори нагаронӣ кардааст. Вай мегӯяд, афроди Толибон аз марзи Афғонистон мегузаранд ва дар он ҷо сарбозони Амрикоро ба қатл мерасонанд.

АМРИКО БА ДУНБОЛИ МУЛЛО УМАР АСТ

Раҳимулло Юсуфзай, рӯзномнигори покистонӣ, ки бо мусоҳибаҳояш бо Усома бин Лодин ва шинохти дохилии Толибон шӯҳрат дорад, мегӯяд, ин
Раҳимулло Юсуфзай, рӯзноманигори паштунтабори покистонӣ
имкон вуҷуд дорад, ки Мулло Умар баъд аз бин Лодин дар феҳристи Амрико ҷой гирифта бошад: “Он гуна, ки мо аз президент Обама шунидем, амрикоиҳо фикр мекунанд, ки онҳо даст ба чунин амалиёт хоҳанд зад, агар дар бораи афроди муҳим маълумоти иктишофӣ ба даст оранд. Ман фикр мекунам, ки Мулло Умар аз ҷумлаи чунин ҳадафҳои боарзиш мебошад.”

МУЛЛО УМАР "МИЗБОН"-И УСОМА БИН ЛОДИН

Мулло Умар дар соли 2001 вақте, ки мубориза барои суқути Толибон дар Кобул шурӯъ шуд, аз Усома бин Лодин, раҳбари Ал-Қоида дифоъ карда буд. Он вақт Мулло Умару Усома бин Лодин ва соири раҳбарони Толибону Ал-Қоида ҷон ба саломат бурда буданд.

Баъзеҳо бовар доранд, ки Мулло Умар дар маҳале дар наздикиҳои Куветтаи Покистон паноҳ бурдааст, вале ин ақидаҳо низ ҳаст, ки вай дар шаҳри бандарии Карочӣ ба сар мебарад. Дар ин шаҳри дорои 12 миллион нафарӣ, паштунтаборони зиёд ба сар мебаранд ва дар миёни онҳо ҳузури вай то андозае номаълум хоҳад буд.

Бо вуҷуди андешаҳо дар бораи зарурати оғози амалиёти нобудии Мулло Умар, дар Вашингтон ин ақидаҳо низ дар миёни раҳбарони ғайринизомӣ дар гардиш аст, ки марги Усома бин Лодин шӯришиёни Толибонро ба музокира ва ҳали сиёсии масъалаи Афғонистон водор мекунад. Ба гунаи мисол, 4-уми май Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, ҳоло вақти роҳи ҳали дипломатӣ фаро расидааст. Вай гуфт, ки марги бин Лодин Толибонро барои музокира ба андеша водор мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG