Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сурия ҳайати СММ-ро ба шаҳри Даръо роҳ надодааст


СММ мегӯяд, Сурия дастрасӣ ба шаҳри ҷанубии Даръоро мамнуъ кардааст. Ин шаҳр саҳнаи аслии тазоҳуроти хунини зиддидавлатӣ мебошад. СММ мехоҳад ҳайатҳоеро ба шаҳри Даръо ва шаҳрҳои дигари Сурия бифиристад, то онҳо вазъро биомӯзанд. Фарҳан Ҳақ-сухангӯи СММ гуфт, ин созмон мехоҳад ҳукумати Сурия чунин тасмими худро шарҳ диҳад, зеро тибқи гузоришҳо, ҳафтае пеш Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия дар бораи фиристодани чунин гурӯҳҳо бо Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ ба тавофуқ расида буданд.
XS
SM
MD
LG