Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садои инфиҷори мушакҳои НАТО дар Троблус шунида шудааст


Дар Троблус-пойтахти Либия шабона садои инфиҷорҳо ба гӯш мерасид. Ба эҳтимоли зиёд ин садои инфиҷори мушакҳои НАТО будааст. Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, дар ҳамлаҳои НАТО қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ ба нишон гирифта шудааст. Вале дар бораи ҷузъиёти ҳодиса гузориш дода намешавад. Хабаргузории AFP гуфтааст, ҳавопаймоҳои низомии НАТО се соат ҳадафҳоеро дар Троблус-пойтахти Либия ба таври ғайримаъмулӣ бомборон кардаанд. Бомборонҳо дар ҳоле анҷом гирифт, ки Андерс Фог Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО гуфт, вақт барои Муаммар Қаззофӣ ба поён мерасад. Дар ҳамин гуна бомборонҳо 1-ӯми май дар қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ дар Троблус як писари вай ва се наберааш кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG