Пайвандҳои дастрасӣ

Сари 6 нафар дар назди мактабе дар Мексика пайдо шуд


Дар назди яке аз мактабҳо дар Дуранго дар шимоли Мексика сари 6 одамро пайдо кардаанд. Дар наздикии ин маҳал полис гӯри дастаҷамъиеро пайдо кардааст, ки дар он ҷасади 11 нафар мадфун будааст. Дар давоми 4 соли ахир дар Мексика бештар аз 40 000 нафар дар ҳодисаҳои ҷиноӣ кушта шудаанд. Рӯзи якшанбе дар шаҳри Мексика раҳпаймоии хомӯши ҳазорон нафар баргузор шуд ва ширкаткунандагон тақозо карданд, ки ба хушунатҳои марбут ба маводи мухаддир бояд хотима дода шавад.
XS
SM
MD
LG