Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи ҳавои Тоҷикистон барои рӯзи сешанбе


Тибқи маълумоти ҳавошиносон, имрӯз дар Душанбе ҳаво абрӣ хоҳад буд, вале борон намеборад. Ҳаво рӯзона то 31 дараҷа, шабона то 20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд то нисфирӯзӣ бориш намешавад, вале дар нимаи дувуми рӯз борон меборад ва тамоми шаб давом мекунад. Ҳаво рӯзона то 27 дараҷа ва шабона 17-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар водии Вахш бориши борон то бегоҳирӯзӣ дар назар нест. Шабона каме борон меборад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то ба 36 дараҷа гармӣ мерасад.

Дар минтақаи Кӯлоб низ ҳаво мисли ҳавои водии Вахш хоҳад буд.

Дар Хоруғ рӯзона ҳаво офтобӣ хоҳад буд, вале наздикиҳои бегоҳ борон меборад. Шабона бориш қатъ мегардад. Ҳаво рӯзона 10-13 дараҷа гарм мешавад
XS
SM
MD
LG