Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО мегӯяд, имдоди касеро нодида нагирифтааст


Паймони НАТО имрӯз ин гузоришҳоро рад кард, ҳавопаймоҳояш ба имдоди даҳҳо муҳоҷири дар ҳоли марг аз Либия нарасидаанд. Рӯзномаи Гордиани Бритониё навишт, як қайиқ бо 72 муҳоҷир аз шаҳри Троблус рӯзи 25 март озими Итолиё шудааст ва чанде аз ҳавопаймоҳои Аврупо ва НАТО, тақозои кӯмакашаонро нодида гирифтаанд ва онҳоро ба ҳоли худ гузоштаанд. Кармен Ромеро сухангӯи НАТО гуфт, сипоҳи НАТО масъулиятҳои худро хуб медонад ва охири моҳи март дар наздикии шаҳри Троблус дар наҷоти 500 нафар кӯмак кардаст, ки дертар ба Итолиё оварда шуданд. Ва Кумиссариёи олии паноҳандагони Созмони Милал гуфт, як киштии бо 600 муҳоҷир эҳтимолан ҳафтаи гузашта дар соҳилҳои Либия ғарқ шудааст.
XS
SM
MD
LG