Пайвандҳои дастрасӣ

Бегоҳи рӯзи 9-уми май се бозии даври ҳафтуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон анҷом пазируфт.

Тими “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст овард. Голҳоро дар нимаи дуввуми дидор Фозил Сатторов (дақиқаи 73) ва Эраҷ Холов (дақиқаи 89) ба нишон расонданд.
Тими “Истиқлол”, ки рӯзи 9-уми май барои ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё ба Мянмар сафар кард, бозиҳои мусобиқоти Лигаи олиро пас аз бозгашт идома хоҳад дод...


Дар бозии дигар дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ аз тими “Энергетик”-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Голи ҳалкунандаро дар дақиқаи 31-уми бозӣ Сафархон Мирзоев вориди дарвоза кард.

Дар дақиқаҳои 53-юм ва 86-уми ин бозӣ футболбозони “Вахш” - капитани даста Рустам Усмонов ва Умедҷон Шарифов аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра истифода карда натавонистанд. Зарбаҳои онҳоро Миралӣ Муродов, дарвозабон ва капитани “Энергетик”, баргардонд.

Бозии севвуми даври ҳафтум дар варзишгоҳи “Спитамен” (собиқ “Спартак”)-и Душанбе миёни дастаҳои “Гвардия” – “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Бозии охирини даври ҳафтум миёни дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат ва “Шодмон”-и Ҳисор рӯзи 11-уми май баргузор хоҳад шуд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот “Истиқлол”-и Душанбе бо 16 имтиёз аз шаш бозӣ дар ҷои аввал қарор дорад. “Равшан”-и Кӯлоб низ 16 имтиёз ба даст овардааст, вале нисбат ба "Истиқлол" як бозӣ зиёд кардааст. Инчунин бо назардошти таносуби тӯбҳо дар ҷои дуввум қарор дорад. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат, ки аз панҷ бозӣ 13 имтиёз гирифтааст, дар ҷои севум мебошад.
Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Комил Саидов (ССКА “Помир”) дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин бо панҷголӣ дар сафи пешанд...


“Энергетик”, ки ғалабаи севумро ба даст овард, бо даҳ имтиёз як зина боло рафта, ба ҷои панҷум баромад. “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, ки дар панҷ бозӣ мағлуб гашта, танҳо як ғалаба дорад, бо се имтиёз дар ҷои нӯҳум аст. “Гвардия” бо панҷ имтиёз аз шаш бозӣ мавқеашро дар зинаи ҳаштум нигоҳ дошт. “Хуҷанд” низ бо ҳашт имтиёз мисли пешин дар зинаи ҳафтум боқӣ мондааст.
Бояд гуфт, ки дастаҳои “Истиқлол”-у “Хайр” бохт надоранд. Инчунин, дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ягона тимест, ки хол ба даст наовардааст ва дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Комил Саидов (ССКА “Помир”) дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин бо панҷголӣ дар сафи пешанд. Габриэл Донто ("Энергетик") ва Фозил Сатторов ("Равшан") чорголӣ задаанд.

Тими “Истиқлол”, ки рӯзи 9-уми май барои ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё ба Мянмар сафар кард, бозиҳои мусобиқоти Лигаи олиро пас аз бозгашт идома хоҳад дод.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Дастаҳо:

Б

Ғ

М

Б

Т

И


1. "Истиқлол"

6

5

1

0

13-1

16

2. "Равшан"

7

5

1

1

12-4

16

3. "Хайр"

5

4

1

0

9-1

13

4. ССКА “Помир”

5

4

0

1

12-6

12

5. "Энергетик"

6

3

1

2

9-8

10

6. "Регар-ТадАЗ"

6

3

0

3

13-10

9

7. "Хуҷанд"

7

2

2

3

5-10

8

8. "Гвардия"

6

1

2

3

4-11

5

9. "Вахш"

6

1

0

5

6-9

3

10. "Шодмон"

6

1

0

5

8-13

3

11. "Парвоз"

6

0

0

6

2-20

0


Бозии охирини даври 7-ум
11-уми май (чоршанбе)

"Хайр" - "Шодмон"

Бозиҳои даври 8-ум
13-уми май (ҷумъа)

“Равшан” - “Энергетик”
“Вахш” - “Регар-ТадАЗ”
“Гвардия” - “Парвоз”

14-уми май (шанбе)

ССКА “Помир” - “Шодмон”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG