Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлил аз Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон


Имрӯз дар Тоҷикистон аз шастушашумин солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ таҷлил карданд. Дар маросими расмии таҷлил, ки дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе баргузор шуд, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳузур доштанд ва онҳоро Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон табрик гуфт ва ваъда дод, ки дар ҳаққашон ғамхории бештар хоҳанд кард. Яке аз онҳо аз хотираҳои худ дар ҷанг ба Радиои Озолӣ гуфт: “Пойу луч, сари луч, ҷанг кардем, азоб кашидем, ғалаба овардем. Худоро шукр, ки зинда баргаштем.” Аз соли 1942 то соли 1945 дар ҷанг алайҳи Олмони фашистӣ беш аз 300 ҳазор тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат карда ва 92 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои набард ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ то кунун 2200 нафар аз собиқадорони ҷанг дар Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG