Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон қазияи бин Лодинро таҳқиқ мекунад


Cарвазири Покистон, Юсуф Ризо Гелонӣ

Cарвазири Покистон, Юсуф Ризо Гелонӣ

Сарвазири Покистон аз кишвари худ дифоъ кард ва ба таҳқиқи комили қазияи бин Лодин дастур дод.

Бо гузориши муфассали худ ба порлумони кишвараш сарвазири Покистон, Юсуф Ризо Гелонӣ, талош кард, ҳамзамон ба ду фишор – дохилӣ ва хориҷӣ посух диҳад.

Мухолифони сиёсии Гелонӣ ҳукумати ӯро
Иттиҳомоти мушоракат ё ноӯҳдабароӣ беақлонаандӯ. Мо комилан ин иттиҳомотро рад мекунем...
айбдор мекунанд, ки аз вуруди нерӯҳои хориҷӣ ба дохили кишвар бехабар мондаву натавонистааст, аз истиқлолияти Покистон дифоъ кунад.

Ҳадафи асосии нутқи Гелонӣ, ба қавли як мақоми давлатӣ дар Исломобод ин буд, ки эътимодро ба миллати хеш, пас аз ҳамлаи нерӯҳои махсуси Амрико ба умқи қаламрави Покистон барои қатли бин Лодин, баргардонад.

Вай дар паёми худ аз аъмоли якҷонибаи беруниҳо дар хоки кишвараш ҳушдор дод, аммо ҳамчунин гуфт, равобити Исломобод бо Иёлоти Муттаҳида қавӣ боқӣ хоҳад монд. Гелонӣ афзуд, онҳое, ки бо ишораҳои худ Покистонро шарики Ал-Қоида мешуморанд, шадидан иштшибоҳ мекунанд.

Сарвазири Покистон ба эътимоди пурраи ҳукуматаш ба низомиён ва хадамоти иктишофии кишвараш таъкид кард.

Ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамоно аз зиндагии 6-солаи Усома бин Лодин дар 100-метрии Академияи ҳарбии Покистон изҳори ҳайрат мекунад ва ноогоҳии ҳукумати Покистон аз ин зери суол мебарад.

Мақомоти амрикоӣ ҳадс мезананд, ки бидуни ҳомиёни тавоно ҳузури осудаи бин Лодин дар наздикии пойтахт, Исломобод, номумкин мебуд. Дар пайи президент Обама, мушовири умури амнияти миллии Амрико, Том Донилон низ ба ин нукта таъкид кард: “Дар Абботободи Покистон як шабакаи кӯмак ба бин Лодин мавҷуд буд. Мо ҳанӯз ҳуҷҷате дар даст надорем, ки ҳукумат аз ин шабака огоҳ буд ё на, онҳо бояд масъаларо таҳқиқ кунанд."

Донилон ҳамчунин аз ҳукумати Покистон хост, дастрасии амрикоиҳоро ба иттилое, ки покистониҳо дар паноҳгоҳи бин Лодин пайдо карда ва афроде, ки он ҷо ба ҳабс гирифтаанд, аз ҷумла се зани бин Лодин, таъмин кунанд.

Гелонӣ гуфт, ба таҳқиқи комили ҳузури бин Лодин дар Абботобод дастур додааст. Вай қатли бин Лодинро одилона номид ва ҳамзамон иддаои ноӯҳдабароии ҳукуматашро дар пайгарди террористи шумораи аввал рад кард: “Иттиҳомоти мушоракат ё ноӯҳдабароӣ беақлонаандӯ. Мо комилан ин иттиҳомотро рад мекунем. Қиссаҳои авомфиребонаи кӯчаю бозор ҳадафи эҷоди яъсро доранд."

Ва дар худи Покистон, мухолифони давлат ба истеъфои беқайду шарти ҳукумати Гелонӣ даъват кардаву аллакай аз тағйири сиёсатҳои ҳукумати нав дар қиболи Амрико сӯҳбат мекунанд. Аммо як вазири ҳукумат гуфтааст, касе барои ин воқеа ба истеъфо нахоҳад рафт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки раҳбари пешини хадамоти ҷосусии Покистон, генерал Ҳамид Гул, гуфтааст, аъзои порлумон дарвоқеъ бояд ба истеъфои ҳукумат пойфишорӣ кунанд, зеро сиёсати ҳамкории наздики онҳо бо Амрико ба шармсории бузурги нақзи истиқлолияти миллӣ сабаб гардид. Вай афзуд, дар мубориза бо терроризм, Покистон бояд танҳо ба нерӯҳои худ такия кунад.

Дар ин байн дар Конгресси Иёлоти Муттаҳида кӯмакҳои азими молии Амрико ба Покистон зери суол рафтаанд. Бархе аз аъзои конгресс қатъи ин кӯмакҳоро мехоҳанд, вале бархи дигар мегӯянд, ин иқдом Покистонро ба бесуботтарин кишвари ҳастаии ҷаҳон табдил хоҳад дод.

Коршиносон гумон намекунанд, ки кӯмаки 3-миллиарддолларии Покистон то соли 2012 боздошта шавад, аммо дурнамои масъаларо рӯшан намешуморанд. Покистон аз соли 2002 то ҳоло аз Амрико зиёда аз 20 миллиард доллар ёрдампулӣ гирифтааст, ки наздик ба ними он барои мусоидати Покистон ба амалиёти байнулмилалӣ дар Афғонистон дода шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG