Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Яман ду тазоҳургарро куштаанд


Муқовимати тазоҳургарон ба маъмурони амниятӣ дар шаҳри Тойиз дар рӯзи 9 май.

Муқовимати тазоҳургарон ба маъмурони амниятӣ дар шаҳри Тойиз дар рӯзи 9 май.

Шоҳидони айнӣ ва табибон дар Яман мегӯянд, маъмурони амниятӣ имрӯз ба сӯи тазоҳургарон дар шаҳри ҷанубии Тойиз оташ кушода ва ду нафари онҳоро куштанд. Тақрибан се моҳ аст, ки ҳазорон нафар яманӣ ҳаррӯз бо баргузории тазоҳурот, аз Алӣ Абдулло Солеҳ, раиси ҷумҳур талаб доранд, истеъфо диҳад, ки ӯ аз соли 1978 дар Яман ҳукумат мекунад. Дар ҷараёни тазоҳуротҳо то кунун 150 нафар кушта шудаанд. Тойиз дуввумин шаҳри бузурги Яман аст, ки ба саҳнаи тазоҳуротҳои бузурги зиддидавлатӣ табдил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG