Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии дурӯза бо Толибон дар Қандаҳор поён ёфт


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, нерӯҳои амниятӣ бо маҳви ҷангҷӯёни боқимондаи Толиб, ки ба қароргоҳҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Қандаҳор ҳамла карданд, ба ҷанги дурӯза миёни ду тараф хотима доданд. Рӯзи шанбе гурӯҳи бузурги ҷангҷӯёни саропо мусаллаҳи Толиб ба қароргоҳи ниҳодҳои ҳукуматӣ дар шаҳри ҷанубии Қандаҳор ҳамла карданд. Даргириҳои пароканда рӯзи якшанбе бо онҳо идома кард ва мақомоти амниятии Афғонистон мегӯянд, бо маҳви гурӯҳи боқимондае аз онҳо, ки дар як меҳмонхонае камин гирифта буданд, ҷанг хотима ёфт. Зиморой Башарӣ, сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон гуфт, дар даргириҳои дурӯза 25 ҷангҷӯи Толиб ва 2 маъмури амниятӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG