Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти кишварҳои фақири ҷаҳон дар Истанбул


Дар шаҳри Истанбули Туркия имрӯз ҳамоиши сарони 48 кишвари ақибмондатарини ҷаҳон шурӯъ шуд, ки дар он намояндагони Тоҷикистон ҳам ҳузур доранд. Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал зимни суханронӣ дар ҳамоиш гуфт, “бӯҳрони нави амнияти ғизоӣ ва тағзия” дар пешорӯи кишварҳои фақиртарини ҷаҳон қарор гирифтааст. Ҳамоишро Абдулло Гул, раиси ҷумҳури Туркия мизбонӣ мекунад ва дар он Хосе Мануэл Бароссо, раиси Кумиссиёни Аврупо ҳам ҳузур дорад. Дар ҳамоиш барномаи даҳсолаи рушди кишварҳои фақири ҷаҳон, ки даромади солонаи аҳолиашон камтар 745 долларро ташкил медиҳад, баррасӣ хоҳад шуд. Тоҷикистон дар радифи ин кишварҳост ва бо мусоидати он дар ҳошияи нишаст, конфронсе доир ба масоили об дар кишварҳои фақир баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG