Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия садҳо нафарро боздошт карданд


Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи Сурия мегӯянд, нерӯҳои амниятӣ, хона ба хона гашта ва садҳо нафарро боздошт мекунанд. Ромӣ Абдул Раҳмон, раҳбари Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, дар амалиётҳои имрӯза, сокинони шаҳри марказии Ҳомс, шаҳри соҳилии Бониёс, ҳошияҳои шаҳри Димишқ ва рустоҳои атрофи шаҳри ҷанубии Даръо боздошт шудаанд. Ба гуфтаи гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ, шаби гузашта зимни вуруди нерӯву тонкҳои Сурия ба шаҳри Ҳомс, як навраси 12-сола кушта шудааст. Савосияҳ, як гурӯҳи дигари ҳомии ҳуқуқи Сурия гуфт, сар аз оғози тазоҳуроти зидди ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, аз моҳи март то кунун 800 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG