Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти додситонҳои собиқи рус бо иттиҳоми қиморбозӣ


Ду додситони собиқи Русияро бо иттиҳоми даст доштан дар қиморбозӣ дар вилояти Маскав боздошт кардаанд. Ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, Дмитрий Урумов, раиси дастгоҳи додситонии вилоят ва Владимир Глебов, додситони шаҳри Ногинск дар наздикии Маскав ахири ҳафтаи гузашта бо амри додситонии ноҳиявӣ боздошт шуданд. Ду додситони дигари вилояти Маскав низ бо айни иттиҳом мавриди ҷустӯҷу қарор доштаанд. Фасоду ришвахорӣ яке аз мушкилоти аслӣ дар ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқ ва тартибот дар Русия маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG